Айни ҳол шумо шояд фикр кунед, ки шумо гигиенаи шахсӣ, махсусан дар кори хеле содда монанди истифодабарии дезодорантро ба таври дуруст пайдо кардаед. Вале агар шумо бо чуқуриҳои бадбӯй ва хоранда мушкилӣ дошта бошед, пас шояд шумо ба хатогие роҳ додаед. Яке аз ақидаи ғалати умумӣ: Дезодорантҳо дар асл арақро нигоҳ намедоранд. Корро аз тариқи канорагирӣ аз хатоҳои умумӣ шурӯъ кунед:
- Шумо Маҳсулоти Номуносибро Истифода Бурда Истодаед
Тавре ки мо аллакай гуфтем, дезодорант ва антиперспирант ду маҳсулоти гуногун мебошанд. Агар шумо фақат аз бӯй нигаронӣ дошта бошед, пас дезодорант роҳи ҳалли он аст. Тафовути фарқкунанда байни дезодорант ва антиперспирант он аст, ки охирин дорои хлориди алюминий мебошад ва ин компонент барои нигоҳ доштани арақ истифода бурда мешавад.
- Шумо Онро Дар Вақти Нодуруст Молида Истодаед
Дезодорант вақти дилхоҳ дар давоми рӯз истифода бурда шуда метавонад, вале шабона, вақте ки шумо он қадар арақ намекунед, истифодабарии антиперспирант беҳтар аст. Ҳарчанд ин як зумраи қоидаҳо нест, ин қоида ба он имконият медиҳад, ки ба пӯст беҳтар пайвандад, пеш аз он, ки шумо дар давоми рӯз ба дараҷаи олии арақкунӣ бирасед.
- Шумо Онро Ба Миқдори Лозима Намемолед
Баъзан пошидани яккарата басандагӣ намекунад. Барои пешгирӣ кардани арақкунии ногаҳонӣ (монанди он вақте, ки шумо дар мобайни маҷлис ҳастед) миқдори зиёди антиперспирантро ба таги кашатон бипошед, то ин ки тамоми роҳҳои арақкунӣ баста шаванд.
- Шумо Чӯбчаҳои Хушбӯйро Истифода Бурда Истодаед
Чуқуричаҳои хоранда доред? Занҳои дорои шукуфаҳо (экзема) ё дигар намудҳои ҳассосияти пӯст бояд аз дезодорантҳои бениҳот хушбӯй канора гиранд, зеро онҳо метавонанд ба сӯзишу сурхшавии пӯст боис гарданд. Пеш аз пошидани он ба таги каш онро ба банди дастатон бипошед. Ё ин ки, дезодоранти бе хушбӯйиро озмоед.
- Шумо Худи Ҳамон Маҳсулоти Даврони Мактаби Миёнаро Истифода Мебаред
Агар шумо ҳис кунед, ки пурра дуруст ва бодиққат истифода мебаред ва чуқурчаҳои шумо арақкарда метобанд, пас вақти иваз кардани чӯбчаи хушбӯй фаро расидааст. Шояд ғадудҳои арақкунии шумо мутобиқ гаштаанд. Ҷисми шумо метавонад ба антиперспирант муқовимат пайдо кунад ва агар шумо арақкуниро пешгирӣ карда натавонед, пас шумо тар хоҳед гардид. Ва ин ба зиёдшавии микробҳо боис мегардад, ки онҳо бӯйи нохуш пайдо мегардонад.