Воқеият: Ҳамаамон сӯрохичаҳои пӯст дорем ва баъзан мо аз ҳолати онҳо ба ғазаб меоем. Сӯрохичаҳои пӯст яке аз узвҳои физиологии хурд ҳастанд, ки бисёрии одамон, ҳам мардон ва ҳам занонро ташвиш медиҳанд.
- Кофта Баровардани Сӯрохичаҳои Пӯст ва Гармичаву Рихинакҳо
Агар мақсади ниҳоии шумо ин кам кардани гармича ва хурдтар кардани сӯрохичаҳои пӯст бошад, пас кофта баровардани онҳоро бас кунед. Вақте, ки шумо пӯстатонро мефишуред ва кашиш медиҳед, шумо барои ташаккулёбии хатҳои борик, варамкунӣ ва сурхшавии пӯст мусоидат мекунед, ки ҳамаи онҳо ба андозаи сӯрохичаҳои пӯст барои муддати тӯлонӣ таъсир мерасонад. Ҳаракатҳои тезу якбора ва фишор додан хатари гузаштани равған, бактерияҳо ва чиркиниҳои дигарро аз дасти шумо бештар месозад, ки ин метавонад ба ифлосшавӣ оварда расонад.
- Дар Давоми Рӯз Ба Рӯятон Зуд-Зуд Расидан
Дақиқае пайдо кунед ва дар бораи ҳамаи он чизҳои истифодаи умумӣ, ба монанди дастаки дар, мизу курсиҳо, дастаки дастшӯй, корти кредитиатон ва ғайрае, ки ба онҳо дасту ангуштонатон мерасанд, фикр кунед. Расидан ба рӯятон пас аз миқдори зиёди ҳаракатҳои ҷисмонӣ бо истифодаи дастҳоятон метавонад равған, бактерияҳо, вирусҳо, аллергенҳо ва чиркиниҳои дигарро ба пӯсти шумо гузаронад ва сӯрохичаҳои пӯстро махкам кунад.
- Фаромӯш Кардани Тозакунии Макияж Пеш аз Хоб
Мо медонем, ки шумо инро пештар ҳам шунидаед, вале онро такрор кардан лозим аст: Тоза кардани макияжатон ин яке аз корҳои асосӣ дар нигоҳубини пӯсти шумо мебошад, зеро иҷро накардани он ба макияж, равған, чиркиниҳои муҳити атрофе, ки дар давоми рӯз дар рӯйи ҷамъ мешаванд, имконият медиҳад, ки онҳо ҳангоми хоб буданатон дар сӯрохичаҳои пӯст ҷой гиранд.
- Иҷро Накардани Пилинг (қабат-қабат ҷудокунӣ)
Беҳтарин роҳ барои тоза кардани сӯрохичаҳои пӯст ин пилинг мебошад. Ин аз он сабаб аст, ки маводҳои тозакунанда ҳуҷайраҳои мурдаи пӯстро, ки дар давоми ҳафта пайдо мегарданд, пурра тоза намекунанд. Пилинг як ё ду маротиба дар як ҳафта барои нест кардани ифлосиҳо, ба монанди равған ва чиркиниҳои дигар, пешгирӣ кардани пайдошавии рихинакҳо кӯмак мерасонад ва намуди сӯрохичаҳои пӯстатонро хурдтар месозад.
- Молидани Макияжи Номуносиб Ба Рӯй
Барои пӯшонидани сӯрохичаҳои калон бо ёрии маводҳои ороишии рӯйпушкунанда хеле ҷолиб менамояд. Вале ҳар як маводи комедогенӣ пӯсти шуморо баста мекунад. Бинобар ин аз молидани маҳсулотҳои дорои мум (воск) ва равғани маска дар таркибашон худдорӣ кунед. Бисёри маҳсулотҳо худро ғайрикомедогенӣ меноманд, барои ҳамин шумо холӣ будани онҳоро аз компонентҳое, ки шумо аз онҳо худдорӣ мекунед, бо осонӣ хоҳед фаҳмид.