Мо ҳамагон бо он воқеият шинос ҳастем, ки узви бо ном аппендикс дорем ва муҳимтар аз он медонем, ки он ба баъзе оқибатҳои вазнин оварда расонида метавонад. Вале оё шахсе медонад, ки аппедикс воқеан чист? Барои чӣ шумо онро доред, он чӣ вазифаро иҷро мекунад ва нишонаҳои норасогӣ чиҳо буда метавонанд.

Таърихан аппендикс ҳамчун як аъзои пурра рудиментарӣ – бефоида ва боқимондаи раванди эволютсионӣ ҳисобида мешуд. Вале вақтҳои охир духтурон сар ба фикр мезананд, ки шояд он дар ҳақиқат аҳамияти мусбӣ дошта бошад. Вақтҳои охир баъзе маълумотҳои навин шаҳодат аз он медиҳанд, ки аппендикс метавонад дар пайдо кардани бактерияҳои фоиданок дар ҷисми шумо нақши муайян бозад. Он ҳамчун хазинаи бактерияҳои фоиданок ва флора ҳисобида мешавад, ки барои кӯмак расонидан дар пуррагардонии онҳо дар сурати нобудшавии ҳалокатовар – ба монанди мавридҳои вобаста бо антибиотикҳо – пешбинӣ мегардад.

Ва ҳарчанд ягон кафолате нест, ки шумо вобаста бо аппендикс ба мушкилие дучор нахоҳед шуд, вале шумо бо анҷом додани баъзе корҳо хатари мушкилиҳои вазнин ба монанди аппендиситро коҳиш дода метавонед. Ҳамроҳи хӯрок истеъмол кардани меваю сабзавот, иловатан парҳези бой аз клетчатка барои нигоҳ доштани аппендикси шумо аз варамкунӣ ва ниҳоятан кафидани он кӯмак хоҳад расонид.

657653434

Моҳиятан аппендикси шумо монанди қубурчаи майдаест (он намуди пуфаки дарозеро дорад, ки ҳавояш сар дода шудааст) ва баста гардидани яке аз канорҳои он метавонад мушкилиҳои ҷиддӣ пайдо кунад. Ин дар он вақт рӯй медиҳад, ки эҳтиёҷи қазои ҳоҷат ҳасту саргин дар он баста мегардад. Пас сабаби солим нигоҳдории системаи ҳозимаи шумо бо парҳези бой аз клетчаткаҳо он аст, ки ин барои солимии доимии аппендикс хеле муҳим мебошад ва барои гузаштани ҳамаи чӣ аз системаи шумо бидуни басташавӣ кӯмак мерасонад.

Аппендикси шумо дар чоряки рости поёнии меъдаатон ҷойгир мебошад, вале нишонаҳои камбудӣ на ҳамеша равшану аён мебошанд. Аввалин нишонаи аппендитсит ин дард дар гирди нофатон буда метавонад. Дард пасон метавонад ба тарафи рости шикам гузарад. Ҳатто баъд аз гузаштани он, на ҳама вақт байни дарди вобаста бо аппендикс ва дарди вобаста бо сикли ҳайзатонро бо осонӣ фарқ кардан мумкин аст.